Мусоҳибаи хоссаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ширкати телевизионӣ ва радиоии «МИР»

Мусоҳибаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ширкати телевизионӣ ва радиоии «МИР»

13 июн 20:19

Душанбе, 13 июн.

 

Шом  ба хайр,  Владимир Владимирович! Ман ба Шумо барои ризоият ба  ин мусоҳиба ташаккур мегӯям. Мо бо Шумо дар арафаи сафаратон ба Ҷумҳурии Қирғизистон вомехӯрем, ки дар он ҷо ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Барномаҳои ширкати мо қариб дар ҳудуди  ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон пахш мегарданд. (ба истиснои Чин). Аз ин рӯ, мо медонем, ки барои аксарияти тамошобинони мо, СҲШ  манфиатовар аст. Бо вуҷуди ин, аксарияти онҳо наметавонанд, ба таври пурра  дар бораи аҳамияту фаъолияти созмон андешаронӣ намоянд.  Оё, Шумо метавонед, ба тамошобинони мо  шарҳ диҳед, ки СҲШ чӣ гуна  созмон аст ва Россия  бо шариконаш дар ин марҳила  дар пеши худ кадом вазифаҳоро гузоштаанд?

В.Путин: Созмони Ҳамкории Шанхай ин ташкилоти байналхалқиест, ки дар солҳои 90-уми асри сипаришуда  баҳри ҳалли  масъалаҳои марзии байни Россия, Чин ва як қатор  ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ташкил дода щуда буд.

Баъд аз он, ки ин иқдом  бомуваффақият ба итмом расид ва натиҷаҳои хубро ҳам ба даст овардем, ҳамагон  ба хулосае омадем, ки ин гуна созмонро на танҳо бояд  нигаҳ  дошт,баръакс , бояд ба  он  мақоми нав дод. Бахусус - мақоми созмонеро, ки ба  рушди ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун машғул шавад. Дар натича чунин ҳам шуд.

Пас аз  таъсис  ва  фаъолияти ин созмон дар минтақа маълум шуд, ки вазифаҳои дар чаҳорчўбаи ин созмон ҳал гардида  барои дигар кишварҳо ҷолиб аст. Дар айни ҳол 18 кишвар, ба  назари ман, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи созмон ва ҳамчунин ба сифати нозир ба он  ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тавр, Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони минтақавии хеле ҷиддӣ ва бисёрҷониба ба ҳисоб меравад.

СҲШ созмонест, ки бо ташаббуси Чин таъсис дода шудааст. Чанде пеш дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург Шумо дар бораи ҷанги тиҷоратии байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муқобили Ҷумҳурии Мардумии Чин  ақидаи хешро баён карда будед.  Шумо  гуфтед, ки Россия ин ҳамон  «маймун» - и доноест ки ба болои дарахт баромада, муҳорибаи ду палангро мушоҳида менамояд.Шумо чиро дар назар доштед?

В. Путин: Аввалан, Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамчун созмон, на бо ташаббуси Чин, балки бо ташаббуси тамоми кишварҳое, ки дар гуфтушунидҳои сарҳадӣ ширкат варзиданд ва ман  онҳоро номбар карда будам, ташкил дода шуда буд. Аммо  ташаббускорони аввалин  Росся ва Чин, бале , якҷоя буданд.  Саҳм ва фаъолияти ҳамаи шарикони мо дар ташкили ин созмон баробар аст.

Оид ба  муҳорибаҳои бозаргонӣ  ва шӯхии ман ки   он зарбулмасали чиниро ба хотир овардам,  ба он чизе, ки ман  дар охир гуфтам,  аҳамият надодед.  Ман гуфтам, ки мо дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ дорем. Аз замоне,ки  ин гуна зарбулмалсалҳо  гуфта шуда буданд,  то ба ин ҷониб вазъият хеле дигаргун ва мураккаб шудааст. Имрӯз муносибатҳои байни Россия ва Чин махсусан барои давлатҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ   аҳамияти хеле  хосса дорад ва ман инро  бемуҳобот  мегўям.

Агар ба таври ҷиддӣ   ба саволи Шумо ҷавоб гуфтан зарур бошад, пас дар ҳақиқат, байни иқтисодҳои бузургтарини ҷаҳон мубоҳиса  вуҷуд дорад. Ва  он ҷо  суолу масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки ба фаъолияти кунунии  ҳар ду давлат вобастагӣ  доранд.

Чин ин як корхонаи бузури истеҳсоли моласт, барои тамоми ҷаҳон, аз онҷумла барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.  Амрико дар он ҷо истеҳсолоти худро ҷойгир намудааст ва ҷойҳои кориро созмон медиҳад. Ҳамзамон, вақте ки Ҷумҳурии мардумии Чин молҳои худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла  дар бозорҳои Амрико савдо менамояд, бештари дароиҳои худро дар шакли захираҳои тиллоӣ ва асъори хориҷӣ, дар коғазҳои қиматноки ИМА нигоҳ медорад. Байни ин ду кишвар муносибатхои хосс  хеле зиед аст .

Ва албатта,  аз нуқтаи назари солим мо  ба раванди  ин гуфтушунидҳо ҳатто дахолат накунем, ҳам…..  Аммо - ва ин "аммо" хеле ҷиддӣ аст. Ман чиро  дар назар дорам? Пеш аз ҳама мо бо Чин  дар воқеъ муносибатҳои  мусбии бисёрҷониба дорем. Мо дар ҳақиқат  шарикони стратегӣ ҳастем. Мо дар бахшҳои иқтисодиёт, гумманитарӣ, дар сатҳи минтақавӣ ҳамкорӣ менамоем. Вазоратҳои хориҷӣ ва мудофиаи мо  ба таври муштарак  фаъолият менамоянд.

Мо дар самти нигахдории   сулҳ ва амнияти ҷаҳон  саҳми арзанда мегузорем. Ва на танҳо дар минтақа, ки давлатҳои мо  дар он ҷойгиранд, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун аъзои доимии Шӯрои амният  фаъолиятҳои  хешро  ҳамоҳанг месозем.

Мутаассифона, мо чунин суханҳоро нисбат ба  муносибатҳои   худ  бо Иёлоти Муттаҳида гуфта наметавонем - онҳо (муносибатҳо) бадтару бадтар шуда истодаанд. Дар солҳои охир нисбат ба   Россия  маъмурияти феълӣ   дар робита  ба ҷорӣ  намудани муҷозот, аллакай чандин  қарорро қабул намудааст.

Баръакс, савдо бо Чин афзоиш меёбад, он ба 108 миллиард доллар расидааст. Соли гузашта мо дар пеши худ вазифаи   гузошта будем, ки ҳаҷми савдоро  ба100 миллиард доллари амрикоӣ расонем, Имрўз он (гардиш) аллакай ба 108 миллиард доллар расидааст.

Мо муносибатҳои хеле хубу дӯстона бо роҳбари Чин, Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин  дорем. Ин ҳама албатта нақши  худро дар таҳкими муносибатҳо мегузоранд ва фазову муҳити  бовариро  қавитар менамояд.  Ва албатта, дар чунин шароит мо тарафдори муносибатҳои  мусбӣ  бо шарикони стратегии хеш мебошем ва ин албатта як амали маъмулист.

Ва  пеш аз ҳама,  ҳар гуна амале, ки ба вайрон кардани  бинои аллакай  бунёдшудаи  муносибатҳои иқтисодии байналмилалии  даҳсолаҳо пойдору фаъолияткунанда нигаронида мешавад, ба андешаи мо ба   фаъолияти иқтисодии  ҳамаи иштирокчиён зарар мерасонанд.

Аз ин рӯ мо умедворем, ки андешаи солим дар интиҳо ғолиб хоҳад шуд. Мо дар якчоягӣ бо ҳамаи шарикон, аз ҷумла намояндагони  амрикоӣ умедворем, дар доираи вохўрии дар пешистодаи «бистгона» (G-20) метавонем, тадбирҳоеро пайдо намоем, ки барои қуабули қарорҳои мусбат дар бахшҳои иктисод   шароити мусоид фароҳам меоранд.

 

Дарҳол пас аз Қирғизистон, Шумо ба Душанбе ташриф меоред. Дар он ҷо роҳбарони қариб аз нисф зиёди  кишварҳои ҷаҳон барои иштирок дар  Панҷумин иҷлосияи  сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  ҷамъ хоҳанд омад. Ба андешаи Шумо  аҳамияти амалии ин формати байналмилалӣ  дар чист?

В.Путин: Ин як форматест,  ки бо ташаббуси нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Абишевич Нурсулаев пайдо шудааст. Ин як платформаи дигари иловагист, ки роҳбарони кишварҳои минтақа дар якчоягӣ метавонанд,  фикру андешаҳои хешро нисбат ба масъалаҳои мавҷуд будаи   минтақаи васеи Осиё   иброз намоянд.. Ин ҳам ба Шарқи Наздик дахл дорад  ва ҳам  ба Осиёи Ҷанубӣ.

Дар он масаълаҳои ҳалталаб хело зиёданд, Шуруъ аз масъалаи  куҳани бисёрсолаи муносибатҳои Фаластин ва Исроил, Афғонистон то ба масъалаи Эрону барномаи атомии он,  Кореяи Шимолӣ ва барномаи атомиаш ва  ғайраву ғайра.Масъалаҳо хело зиёданд.

Албатта моро масъалаву мушкилоти Шарқи Наздик нигарон мекунанд. Ва на камтар аз он тамоми масоиле, ки бо барномаҳои  атомии Эрону Кореяи Шимолӣ  вобастагӣ  доранд. Мо ба рӯйдодҳои Афғонистон низ таваҷҷуҳи махсус  зоҳир менамоем. Ва дар ин бахш  хеле  фаъол ҳастем ва  бо ақидаи ман дар якчоягӣ  бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон чораҳои мусбиро меандешем.

Мо саҳми худро дар ин бахш мегузорем ва боварӣ  дорем, ки фаъолияти муштараки мо натиҷаҳои хуб хоҳад дод.Аммо дар маҷмуъ ман бори дигар такрор менамоям  ва мехоҳам ҷавобамро ба саволи Шумо аз он андешае,  ки бо он оғоз намуда будам, бо ҳамон  низ ба анҷом расонам, - саволҳо барои муҳокима хеле  зиёданд.

 Агар мо дар бораи Қазоқистон гап занем, пас дар Қазоқистон президенти нав – Қосим -  Жомарт Тоқаев интихоб шуд. Шумо  муносибатҳои Россияро бо роҳбарии нави Қазоқистон чӣ  гуна арзёбӣ  менамоед?

В. Путин: Аввалан, Президент Тоқаев дар Москва таҳсил намудааст, Ў Россияро  хуб медонад, Ва ман боварӣ дорам,  Ў  шахсест,ки албатта сиёсати аввалин президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоевро  дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дўстона  бо Россия, дар самтҳои  гуногун идома хоҳад дод: ҳам дар саноат, ҳам  дар соҳаи кишоварзӣ,  ҳам  дар  риштаҳои илмӣ- масалан, чун коинот.

Мо лоиҳаҳои бузург дорем. Мо умедворем, ҳама чизеро, ки мо андешидаем, ҷомаи амал хоҳанд пушид. Умедворам, ки монеае ба вуҷуд нахоҳад омад. Баръакс, ман боварӣ дорам, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни мамлакатҳои мо афзоиш ёфта, муносибати  байни кишварҳо густариш меёбанд. Дар ин самт  шароитҳои мусоид фараҳам оварда мешаванд ва муносибат байни шаҳрвандони ҳар ду мамлакат   беҳтар мегардад.

Мо миллионҳо алоқа ва робитаҳои байни одамонро  дорем. Ва ин ҳамкориҳо   барои мо хеле муҳиманд. Ин масъалаҳои иҷтимоианд, ба хусус масаълаҳои таъминоти иҷтимоӣ.

Ин хамкориҳо на танҳо дуҷониба , балки   сеҷонибаю  бисёрҷониба мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки онҳо амалӣ хоҳанд шуд

Дар ҷамъомади байналмилалии ( форум) Форуми Санкт Петербург, Шумо  аввалин бор ба  фаъолияти Владимир Зеленский ҳамчун президенти Украина баҳо додед.  Ҳоло дар ин кишвар  боз  маъракаи интихоботӣ, ин даъфа интихоботи  парлумонӣ  дар ҷараён аст. Оё,  ин маънои онро дорад, ки муносибатҳои Россия  ва Украина бори дигар  боздошта мешаванд?

В. Путин: Шумо аз ман хафа нашавед,ман  Шуморо  каме ислоҳ  мекунам. Ман дар форуми Санкт Петербург ба фаъолияти Владимир Зеленский  ҳеҷ  гуна баҳогузорӣ  накарда будам, зеро то ҳол  ҳеҷ гуна фаъолият  вуҷуд  надорад. Ман ин корро карда наметавонам, зеро ин вазъияти воқеӣ асос дорад. Ў тоза фаъолияти хешро оғоз менамояд.

Ман аз таҷрибаи худ медонам, ки  барои  танҳо фаҳмидани масъалаву вазифаҳои  дар назди Ў истода  вақти муайяне лозим аст. Ман умедворам, ки ошноӣ  бо ин вазифаву масъалаҳо ба зудӣ  сипарӣ  мешавад.

 Агар дар  бораи  муносибатҳои дуҷонибаи  мо бо Украина сухан ронем, ман аллакай дар ин бора  гуфта будам ва бори дигар онро метавонам,  такрор  намоям: Ман боварӣ   дорам, ки  муносибатҳои мо билохира  барқарор хоҳанд шуд ва ин  ногузир аст.   Оё,  метавонад,  ки  узвҳои як шахс аз ҳамдигар  ҷудо бошанд, ё ба тарзи дигар агар иброз дорем, муносибатҳои  ду халқи ба ҳам бародарро қисмат карда намешавад. 

Элитаи сиёсии гузашта (сарфи назар аз он ки муносибати мо бо онҳо чӣ  гуна буд) дар  тўли  тамоми   фаъолияташон, ҳаёташон, манфиати шахсӣ ва муваффақияти шахсиро бологузар кардаанд ва  дар фикри  моликияти хешанд ва бештари ин моликияту маблағҳоро  аз ҳисоби мардуми оддии  Украина ҷамъоварӣ  кардаанду  дар бонкҳои  Ғарб  ҷойгир намудаанд,аз ин рў ман фикр мекунам, ки муҳаббати ин гуна ашхос нисбати Ғарб танҳо аз ҳамин  сабаб  аст.

Аммо раҳбарияти  нав умедворам, аз чунин амалҳо парҳез мекунад.Президент эҳсоси озодиро  дорад, чунки бо боварии  мардуми Украина ба  мансаби  президентӣ  интихоб шудааст ва қодир аст, ки бо қувваи тоза  дар роҳи барқарор кардани робитаҳои байни Украина ва Россия  фаъолият намояд ва ҳамчунин дар самти ҳалли мушкилоти дохилӣ саҳм гузорад.

«МИР»  дар ҳудуди Молдова -  ҳамсояи Украина  низ фаъолият менамояд. Алъон   мамлакат дар ҳолати  буҳрони сиёсӣ, буҳрони воқеии сиёсӣ  қарор дорад. Шумо вазъи кунунии  сиёсиро дар Молдоваи  муосир  чӣ  гуна арзёбӣ мекунед?

В.Путин: Ман фикр мекунам, ки дар Молдова вазъият беназир нест. Аммо аз ҳама асосӣ  он аст, ки вазъият дар Молдова, чун дар Украина якранг  мебошад ва ҳокимият  дар дасти гуруҳҳои сармоядорон (олигархи) ва олигархҳои алоҳида аст, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, ҳама чизро онҳо аз ҳисоби мардуми Молдова ба даст оварда, барои  сарвати хешро  ғанӣ гардонидан  истифода мебаранд.

         Кореро, ки имрўз Президент Додон ба анҷом мерасонад,  ин қадами устуворест, ҷиҳати пойдорӣ ва барқароркунию таҳкими давлатдорӣ  ва сохторҳои давлатӣ.

Мо албатта, Додон ва ҳамфикрони Ўро  дастгирӣ менамоем, то онҳо оқибат аз ашхосе халос шаванд,  ки то ин дам   сиёсатро дар Молдова  шахсӣ  намуда буданд.  Новобаста,  аз гуногунфикрӣ   ва монеаҳои дохилӣ  онҳоеро, ки  оббод намудани Молдоваро вазифаи асосии худ мешуморанд, дастгирӣ хоҳем кард

 Бисёре аз  тамошобинон телевизион ва радиои «Мир» -ро чун меҳвари асосии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   мешуморанд . Шумо имкониятҳои  рушди фазои иттилоотии иттиҳодро чӣ гуна арзёбӣ  менамоед?

В.Путин: Ин соҳаи  хеле муҳим аст. Аввалан ,ин фазо бояд озод бошад ва миқудори маҳдудиятҳо то ба қадри  имкон кам бошанд ва агар  бошанд,  бояд танҳо бо амният ва баъзе унсурҳои умумӣ ва ахлоқӣ   вобастагӣ  дошта бошанд.

Ин бояд  фазои кушоди иттилоотӣ  бошад ва ҳамаи сарчашмаҳои иттилотӣ  муҳофизашаванда бошанд. Хабарҳо бештар бояд сиёсикунонидашуда набошанд ва ба манфиати ҳама кор кунанд. Маълумот бояд  барои ҳамагон пахш шавад.  Озодии иттилоот на ба фоидаи онҳое,  ки онро паҳн менамоянд,балки ба манфиати истифодабарандагони ахбор бошанд.

Ман умедворам, ки пешниҳоди  маводҳо шавқовар, ҳирфаӣ  ва муфид хоҳанд буд, то ҳамаи шаҳрвандони мамлакатҳои мо тавонанд,  аз онҳо баҳри  беҳтар намудани  имконоти ҳамдигарфаҳмӣ,  таҳкими муносибатҳои дўстонаю  ҳамсоягии нек  истифода баранд  ва намунаи беҳтарини ин дастовардҳоро тавонанд, дар кишварҳои худ татбиқ  намоянд.

Суҳбаторо Раиси ШБСС-и «МИР»  Радик  Батиршин 

 



ДРУГИЕ НОВОСТИ ПОЛИТИКИ